Расонаи "Politico" 8 август бо истнод ба мақомҳои амрикоӣ навишт, Вашингтон барои розӣ кардани Теҳрон ба бозбинии тасмими ҳамла ба Исроил ҳампаймонҳои худро аз Ховари Миёна ҷалб кардааст.
Ба гуфтаи манбаъҳои расона, Амрико Эронро ҳушдор додааст, ки ҳамлаи густарда ба Исроил танҳо боиси ташаннуҷи авзоъ ва задухӯрдҳои мустақим миёни ду кишвар хоҳад шуд.
Маъмурияти президенти ИМА ҳам аз Эрон даъват кардааст, ки тасмими худро дар бораи ҳамла ба Исроил бозбинӣ кунад.
Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирбӣ гуфт, "Вашингтон ҷонибдори ташаннуҷи вазъ нест, вале дар сурати ҳамла омодааст, ки ҳам аз худ ва ҳам аз Исроил ҳимоят кунад".
Дар ҳамин ҳол, CNN бо такя ба ду манбаи огоҳаи худ аз маълумоти иктишофӣ иттилоъ дода, ки гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сарфи назар аз тасмими Эрон метавонад ба Исроил ҳамла кунад.