Ссылки доступа

Чин аз 1 сентябр содироти бесарнишинҳоро маҳдуд мекунад


Чин тасмим гирифтааст, аз 1 сентябри имсол содироти ҳамагуна ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронро, ки метавон бо ҳадафҳои низомӣ истифода бурд, маҳдуд кунад.

Вазорати савдои Чин хабар дода, ки ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар “паҳншавии силоҳи қатли ом” гирифта шудааст.

Хабари маҳдудшавии содироти дронҳо дар пасманзари танқиди ИМА ва ҳампаймонҳояш аз Чин барои содироти молҳои низомӣ ба Русия нашр мешавад.

Раҳбарони НАТО ахиран дар як эъломияи муштарак гуфтанд, ки Чин дар ҷанги Русия зидди Украина "омили калидӣ" ба ҳисоб меравад. Зеро пуштибонии ҳамаҷонибаи он аз бахши дифоӣ-саноатии Русия ба Маскав имкон медиҳад, ки ҷангро идома диҳад.

XS
SM
MD
LG