Ссылки доступа

Вашингтон "Patriot" ва тонкҳои "Abrams"-ро ба Украина зудтар мефиристад


Низомҳои зиддимушакии "Patriot" дар Украина аз муҳлате, ки қаблан муқаррар шуда буд, пештар насб карда мешаванд ва ҳамчунин омӯзиши гуруҳи 65-нафарии низомиёни украинӣ дар пойгоҳи Форт-Силли ИМА рӯзҳои наздик ба поён мерасад.

Дар ин бора "CNN" бо истинод ба намояндагони Пентагон хабар додааст.

Мақомҳои расмии Пентагон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки низомиёни украинӣ баъдан барои омӯзиши иловагии ду низоми зиддимушакии "Patriot" ба Аврупо мераванд. Инҳо ҳамон "Patriot"-ҳое ҳастанд, ки бояд ҳафтаҳои наздик дар ҳудуди Украина ҷойгир карда шаванд.

Низомиёни Украина аз 15 январ дар пойгоҳи Форт-Силл омӯзиш мегиранд. Амрикоиҳо барои омӯзиши украиниҳо 10 ҳафта ҷудо карда буданд, вале низомиёни украинӣ онро тақрибан дар 8 ҳафта ба поён расонданд.

Хабари насби пеш аз муҳалти "Patriot"-ҳо дар рӯзе нашр шуд, ки мақомоти амрикоӣ гуфтанд, раванди интиқоли тонкҳои "Abrams"-ро ба Украина суръат мебахшанд.

XS
SM
MD
LG