Ссылки доступа

Русия эҳтимол аст, 15 январ басеҷи нав эълом кунад


Намояндаи Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Андрей Черняк гуфтааст, эҳтимол Русия рӯзи 15 январ басеҷ ё сафарбарии иловагии шаҳрвандон ба сафи артиши худро эълом кунад.

Ин суханҳои Чернякро хадамоти матбуотии сарраёсат 7 январ нашр кард.

"Ба гуфтаи ӯ, то ниммиллион русиягӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи кишвари "террорист" басеҷ хоҳад шуд. Басеҷи навбатӣ, ки лоиҳаи фармони он мавҷуд аст, ин дафъа низ дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз қабили Москва ва Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт”, - омадааст дар иттилои Сарраёсати иктишофии Украина.

Черняк афзудааст, сафарбаркунӣ ба мардони русиягие дахл хоҳад дошт, ки ҳам дар бахшҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар "соҳаҳои даромадовар ба иқтисоди Русия" кор мекунанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина 5 январ эълон карда буд, ки Русия ба даври навбатии сафарбаркунӣ омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG