Ссылки доступа

Алла Пугачёваро ба "сармоягузорӣ"-и артиши Украина айбдор мекунанд


Алла Пугачева
Алла Пугачева

Фаъоли маданӣ Виталий Бородин аз Додситонии кулли Русия дархост кардааст, ки фаъолияти сарояндаи машҳури ин кишвар Алла Пугачёва бо гумони сармоягузории артиши Украина тафтиш карда шавад.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки дархости Бородин ба унвонии додситони кулли он кишвар Игор Краснов ирсол шудааст.

Бородин гуфтааст, Пугачёва дар Исроил зиндагӣ мекунад ва аз фарҳангиёне, ки Русияро тарк кардаанд, пуштибонӣ ва ҷангро интиқод карда, "ба артиши Украина кумаки молӣ менамояд".

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки "сармоягузории Пугачёва дар хориҷ ва робитаи ӯ бо хадамотҳои махсуси ғарбиро муайян намудааст".

Қаблан Бородин аз Додситонии кулли Русия даъват карда буд, ки сарояндаи ин кишвар Лия Ахеҷаковаро ҳам "агенти хориҷӣ" эълом кунад.

Алла Пугачёва баъди оғози ҷанги Украина ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш Русияро тарк кард.

XS
SM
MD
LG