Ссылки доступа

Эрдуғон гуфт, Путин барои кушодани неругоҳи атомӣ ба Туркия меояд


Владимир Путин, президенти Русия мумкин аст, рӯзи 27 апрел барои кушодани нахустин неругоҳи атомӣ дар Туркия ба он кишвар сафар кунад. Дар ин бора Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дод.

Нахустин неругоҳи атомии Туркия - "Аккую" аз сӯи ширкати русии "Росатом" сохта мешавад.

"27 апрел эҳтимолан Путин меояд ё тариқи онлайн бо мо ҳамроҳ мешавад", - гуфт Эрдуғон ҳангоми мусоҳиба бо телевизиони туркии ATV.

Рӯзи 17 март Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ дар Гаага дастури боздошти Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Беловаро содир кард. Ба бовари додгоҳ, Путин ва Лвова-Белова дар иҷборан бурдани кӯдакони украинӣ ба Русия маъул ҳастанд.

Туркия аз шумули 118 кишваре нест, ки Додгоҳи байналхалқиро эътироф мекунанд.

XS
SM
MD
LG