Ссылки доступа

Таҳқиқот: Русия то соли 2030 Белорусро ғасб мекунад


Александр Лукашенко и Владимир Путин 
Александр Лукашенко и Владимир Путин 

Дар Русия нақшаи фурӯ бурдани Белорусро таҳия кардаанд, ки ин нақша бояд то соли 2030 амалӣ шавад. Дар ин бора дар таҳқиқоти сомонаи хабарии "Досье" зикр шудааст.

Ҳуҷҷате, ки хабарнигорон ба он даст ёфтаанд, "Ҳадафҳои стратегии Русия дар самти Белорус" ном дорад. Ин ҳуҷҷат тобистони соли 2021 таҳия шуда ва аз 17 саҳифа иборат аст. Санади мазкурро Дастоҳи президенти Русия, Хадамоти иктишофи хориҷии Русия, Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ, Ситоди кул ва дигар ниҳодҳои Русия ба таври муштарак таҳия кардаанд.

Ҳадафҳои сиёсӣ, мудофиавӣ, тиҷорӣ ва иҷтимоии Русия дар Белорус ба се бахш тақсим шудаанд - кутоҳмуддат (то соли 2022), миёнамуҳлат (то соли 2025) ва дарозмуддат (то соли 2030).

Ҳадафи асосии Крем - авлавият бахшидан ба забони русӣ дар Белорус, қонунгузории Белорусро ба қонунгузории Русия мутобиқ сохтан ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Белорусро тобеи Русия кардан будааст.

Ба иловаи ин бахшҳо, Русия нақша дорад то соли 2030 бахши низомиву сиёсии Белорусро тобеи худ созад. Иктишофи Русия вазифадор шудааст, ки таъсири неруҳои "миллӣ ва ғарбгаро"-ро кам ва ислоҳоти Конститутсияро бо назардошти манофеи Русия ба поён расонад.

Ҳамзамон Дастгоҳи президенти Русия нақша дорад, фазои иттилоотии Белорусро то охири ин даҳсола зери назорат гирад. Ин нақшаро мехоҳанд, тавассути афзоиши теъдоди расонаҳои Русия ва густариши таъсири иттилоотӣ миёни аҳолӣ амалӣ созанд. Ҳамчунин Русия нақша дорад, ки додани шиносномаҳои русиро ба белорусҳо осон созад. Ин тасмим бо ҳадафи "ташкили қишри русиягиҳое рӯи даст гирифта мешавад, ки ҳавасманди якпорчашавӣ ҳастанд ва ҳамзамон ба хотири ташкили доираҳои тиҷорие аст, ки ба бозори Русия рӯ хоҳанд овард", омадааст дар санад.

XS
SM
MD
LG