Ссылки доступа

Русия эҳтимол дастрасӣ ба "Википедия"-ро маҳдуд кунад

Русия эҳтимол бар асоси қонуни нави ин кишвар дар бораи манъи филтршиканҳо (анонимайзерҳо) ё VPN, дастрасӣ ба Википедияро ҳам маҳдуд кунад.

Дар ин бора муовини раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботот Антон Горелкин дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар энсиклопедияи интернетӣ дар бораи хадамоти "VPN" матлабе ҳаст, ки ба Роскомнадзор имкон медиҳад онро масдуд кунад.

Горелкин навишта, ки сабабҳои дигари бастани Википедия низ вуҷуд дорад. "Ин ниҳод як қатор даъвоҳое дорад, ки дар асоси бештари онҳо қарори додгоҳ содир шудааст. Барои бастани Википедия заминаҳои қонунӣ аллакай вуҷуд доранд. Онро танҳо бояд тавре иҷро кард, ки боиси нороҳатии сахти корбарон нашавад", — афзудааст ӯ.

Дар Русия аз 1 март қонуне ба иҷро даромад, ки Роскомнадзор бар асоси он, метавонад на танҳо насби "VPN", балки даъват ба истифодаи онро низ масдуд кунад.

XS
SM
MD
LG