Ссылки доступа

Нашри ҳуҷҷатҳои махфии ИМА монеи ҳамлаи ҷавобии Украина намешавад – Бен Хоҷес


Бен Ходжес
Бен Ходжес

Нашри ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ монеи ҳамлаи ҷавобии Украина намешавад, гуфт фармондеҳи пешини артиши ИМА дар Аврупо Бен Хоҷес.

Ба гуфтаи вай, зарари нашри ҳуҷҷатҳои махфӣ ба Амрико расидааст, зеро ин кишвар "заъфҳо"-и худро ба намоиш гузоштааст.

Зиёни асосӣ, ба гуфтаи Хоҷес, аз нашри иттилои гӯш кардани Куриёи Ҷанубӣ аз ҷониби ИМА, расидааст.

"Яке аз маълумоти маҳрамона он аст, ки эҳтимол дорад, ИМА гуфтугӯҳои дохили ҳукумати Куриёи Ҷанубиро гӯш мекунад. ИМА ба ин тартиб хостааст, дақиқ кунад, ки оё Куриёи Ҷанубӣ тасмим ба Украина фурухтани таслиҳотро дорад ё на. Маҳз ҳамин нукта харобиовар аст", - бовар дорад Хоҷес.

Вай илова кардааст, ки: "Метавон тахмин зад, албатта, ки ҳама ҳамаро гӯш мекунад, аммо ин далели нороҳаткунанда будани амали мазкурро рад намекунад. Вақте ин маълумот ошкор мешавад, боиси нороҳатӣ мегардад ва муносибатҳоро дар оянда печида мегардонад".

Нашрияҳо рӯзи 6 апрел навиштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои махфии ИМА ва НАТО дар бораи тақвияти неруҳои Украина пеш аз ҳамлаи ҷавобӣ ба Русия нашр шудааст.

Мушовири роҳбари Дастгоҳи президенти Украина Михаил Подоляк иттилоъ дар бораи нашри маълумоти махфиро "бозӣ"-и мақомоти махсуси Русия унвон кард.

XS
SM
MD
LG