Ссылки доступа

Ҷо Байден гуфт, ният дорад бори дигар барои курсии президентӣ мубориза барад


Президент США Джо Байден
Президент США Джо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден дар мусоҳиба бо телевизиони NBC хабар дод, ки тасмим дорад, дар интихоботи навбатӣ номзад шавад. Интихоботи навбатӣ дар ИМА моҳи ноябри соли 2024 дар назар аст.

Байден гуфт, тасмим дорад бори дигар интихоб шавад, аммо расман дар ин бора ҳанӯз эълом намекунад. Мушовирони Байден дар Кохи сафед ба маъракаи эҳтимолии интихоботии вай омода мешаванд.

Ҳизби демократӣ, ки Байден узви он аст, ҳанӯз аз пешбарии номзади дигареро ба интихоботи навбатӣ хабар надодааст. Аз ҳизби ҷумҳурихоҳон мумкин аст, Доналд Трамп номзад шавад. Вай солҳои 2017-2021 президенти ИМА буд. Аммо мумкин аст, эъломи айбҳо нисбати Трамп, ӯро аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум кунанд.

Аз Рон Десантис, губернатори аёлати Флорида, номзади дигари эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳон ном бурда мешавад.

Ҷо Байден 46-умин президенти ИМА аст. Вай куҳансолтарин президенти ИМА ба ҳисоб меравад. Ҳоло Байден 80 сол дорад. Дар сурати бори дигар интихоб шудан, муҳлати президентиаш дар 86-солагӣ ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG