Ба гуфтаи Байден, маъмурияти президенти ИМА ҳисоботи мақомоти амниятии Амрикоро дар робита ба ин ҳамла дарёфт ва Бюрои федеролии тафтишотӣ таҳқиқро шуруъ кардааст.
Дар ҳоли ҳозир "ҷузъиёти сабабҳои ҳодиса номаълум, вале шахсияти ҳамлагар муайян карда шудааст".
"Бинобар ин, даъват мекунам, ки аз пешдоварӣ худдорӣ карда шавад. Бигузор, Бюрои федеролии тафтишотӣ кори худро анҷом диҳад", - омадааст дар изҳороти Байден.
Президенти ИМА дастур додааст, ки муҳофизати Трамп ҳамчун номзад ва президенти пешин пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин фармон дода шудааст, ки барои таъмини амнияти номзади ҷумҳурихоҳон аз тамоми имкониятҳо истифода кунанд.
Байден ба Хадамоти махфии ИМА дастур додааст, ки тамоми чораҳои амниятиро барои анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки қарор аст, 15 июл баргузор шавад, бозбинӣ кунад.
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
Ҳодиса рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Батлери аёлати Пенсилвания ҳангоми суханронии Трамп дар маъракаи пешазинтихоботиаш рух дод.
Дар аксҳо нишон дода мешавад, ки як бари рӯи Доналд Трамп хунолуд аст. Мақомот гуфтаанд, ки ӯ аз гӯшаш захмӣ шудааст. Трамп гуфт, аз гӯшаш хуни зиёд рафтааст.
Бюрои федеролии таҳқиқотии ИМА (ФБР) рӯзи 14-уми июл хабар дод, ки Томас Мэтю Крукс, ҷавони 20-сола ба Трамп тир задааст.