Бино ба иттилои "The Insider", ширкати туркӣ ин тасмими худро ба "сахттар шудани таҳримҳои Оҷонси амнияти парвозҳо дар Аврупо рабт додааст".
Коршиносон дар суҳбат бо "The Insider" гуфтаанд, ки ширкатҳои дигар низ ҳатман аз маркази омӯзишии "Turkish Airlines" пайравӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, омӯзиши халабонҳои рус бидуни истифод аз дастгоҳҳои мазкур бехатарии парвозҳоро дар Русия, бахусус, дар ҳавопаймоҳои дурпарвоз, аз қабили "Boeing B777" ва "Airbus A350" ба таври назаррас коҳиш хоҳад дод.
Қаблан хабар дода шуд, ки чандин бонки туркӣ, аз ҷумла бузургтарин бонки хусусии Туркия - "Iş Bankası" ҳамкориро бо низоми пардохтии русии "Мир" қатъ кардааст. Илова бар ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯиё дар як қатор меҳмонхонаҳои Туркия кортҳои бонкиро қабул намекунанд.