Ссылки доступа

Раванди баррасии "парвандаи Кампиробод"-ро тезониданд (видео)


В Бишкеке резко ускорили процесс по "Кемпир-Абадскому делу": приговор могут вынести уже на этой неделе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Додгоҳи Қирғизистон раванди баррасии "парвандаи Кампиробод"-ро, ки дар доираи он 27 кас дар курсии айбдорӣ нишастаанд, тезонидааст.

Баррасии парванда пушти дарҳои баста сурат мегирад. Ба гуфтаи вакилони дифои гумонбарон, эҳтимол Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ин ҳафта ҳукмро эълом кунад. Вакилони дифоъ мегӯянд, додраси парванда раванди баррасиро тезонидааст ва вақтҳои ахир мурофиаҳо ҳар рӯз аз субҳ то шом баргузор мешаванд.

"Пусть Жапаров и Ташиев отдают земли в других районах!"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:01 0:00

Додгоҳи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси пешакии гумонбаронро чанд бор тамдид кардааст ва бар асоси Кодекси ҷиноии Қирғизистон, имкони тамдиди дигарбораи ҳабси гумонбарон вуҷуд надорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ ахиран аз додгоҳ хостааст, гумонбарони "парвандаи Кампиробод" 20-солӣ аз озодӣ маҳрум ва амволашон мусодира шавад.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд. Додгоҳ то ҳол чандин бор ҳабси онҳоро тамдид кардааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG