Ссылки доступа

Комисияи СММ дар ҷанги зидди Украина наслкуширо ошкор накард


Глава независимой международной комиссии ООН по расследованию нарушений в Украине Эрик Мёсе
Глава независимой международной комиссии ООН по расследованию нарушений в Украине Эрик Мёсе

Дар ҳоли ҳозир дар пажуҳиши помолсозии ҳуқуқи инсон дар Украина далелҳое пайдо нашудааст, ки наслкуширо аз сӯи артиши Русия исбот созад, гуфт Эрик Мёсе, роҳбари комисияи мустақили СММ оид ба қонуншиканиҳо дар Украина.

"Мо натавонистем, ошкор созем, ки дар Украина наслкушӣ сурат гирифтааст", - гуфт Мёсе. Вай илова кард, комисия ба омӯзиш идома медиҳад, зеро "бархе ҳолатҳое ҳастанд, ки наслкушии эҳтимолиро собит хоҳанд кард".

Дар шарҳи гузориши СММ дар бораи ҷиноятҳои Русия дар Украина Мёсе гуфт, комисия "ҷиноятҳои густардаи ҷангии Русияро ошкор кард".

Дар рафти таҳияи гузориши мазкур аъзои комисияи СММ ба 56 минтақаи аҳолинишини Украина рафта, бо 348 зан ва 247 мард суҳбат кардаанд. Комисия ҳамчунин аз маконҳои боздошту шиканҷа ва гурҳои дастаҷамъӣ дидан кардаанд.

Комисия ҳолатҳои қатл, ҳабси ғайриқонунӣ, шиканҷа, муносибати бераҳмона, таҷовузро дар минтақаҳои ғасбшудаи Киев, Чернигов, Харков ва Суми Украина сабт кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин аз ҳолатҳои боздошт ва ирсоли иҷбории шаҳрвандони осоиштаи Украина ба Русия ёд шудааст, ки бисёре аз онҳо то кунун нопайдо ҳастанд.

"Хушунати ҷинсӣ нисбати ҳамаи синну сол сурат гирифтааст. Аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдаконро маҷбур мекарданд, ки шоҳиди ҷиноят шаванд", - омадааст дар гузориши комисияи СММ.

"Оқибати ин қонуншиканиҳо барои аҳолии осоишат сангин аст. Марги инсонҳо ба ҳазорон мерасад. Тахриби зерсохтор ваҳшатнок аст", - гуфт Мёсе.

Комисия тавсия додааст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҷиноят ва қонуншиканӣ ошкор ва гунаҳкорон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG