Натиҷаҳои раъйдиҳии аъзои Ҳизби муҳофизакори Бритониё барои интихоби роҳбари нав рӯзи душанбе эълом шуд. Трасс аз рақибаш, вазири пешини молияи Бритониё Ришӣ Сунак пеш гузашт. Ба ҷонибдорӣ аз Трасс бештар аз 57 дарсади аъзои ҳизб раъй доданд, ки бештар аз 80 ҳазор раъйро дар бар мегирад. Сунакро каме беш аз 60 ҳазор муҳофизакор ҳимоят кардааст.
Барои таблиғи номзадиаш Трасс ваъда карда буд, бо буҳрони энержие мубориза мебарад, ки Бритониёро фаро гирифтааст. Бо ин ҳол, вай гуфта буд, дар мақоми сарвазирӣ ба ҳимояти бе чуну чарои Украина идома медиҳад ва муқобили Русия меистад. Изҳороти Трасс дар бораи он ки дар сурати зарурат, "бидуни дудилӣ" тугмаи ҳастаиро зер мекунад, таваҷҷуҳро ҷалб кард.
Борис Ҷонсон роҳбарии Ҳизби муҳофизакор ва сарвазирии Бритониёро аз соли 2019 то ин замон анҷом дод.
Баъди ҳамлаи Русия ба Украина Ҷонсон яке аз пуштибонони аслии Украина миёни роҳбарони Аврупо буд. Вай се маротиба ба Киев сафар кард. Бритониё ба Украина кӯмаки зиёди низомӣ мекунад, низомиёни Украинаро дар пойгоҳҳои худ омӯзиш медиҳад.