Ссылки доступа

Яков Милатович президенти нави Черногория шуд


Яков Милатович
Яков Милатович

Иқтисоддон Яков Милатович барандаи интихоботи президентии Черногория эълом шуд.

Ҳамин тариқ, Милатович Мило Ҷукановичро, ки аз соли 1991 бо танаффусҳои кутоҳе Черногорияро раҳбарӣ менамуд, иваз хоҳад кард.

Маркази мониторинг ва таҳқиқотӣ(CEMI), ки раванди интихоботи Черногорияро назорат мекард, шаби 2 ба 3 апрел гуфт, Яков Милатович дар раъйгирии рӯзи якшанбе беш аз 60 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Милатович 37 сол дошта, дар гузашта вазири иқтисоди Черногория буд. Ӯ мубориза бо фасод ва беҳбуди сатҳи зиндагии сокинонро ваъда додааст. Вай пас аз пирӯзӣ дар вохӯрӣ бо тарафдоронаш ҳамчунин ваъда дод, ки Черногория дар панҷ соли оянда ба Иттиҳоди Аврупо мепайвандад. Кишвар соли 2008 мақоми номзадии Иттиҳоди Аврупоро касб кардааст.

Тибқи иттилои CEMI, 70%-и афроди қобили раъй дар интихоботи президентии Черногория иштирок кардаанд. Натиҷаҳои интихоботи президентии Черногория рӯзҳои наздик, баъди баррасии ҳамаи шикоятҳо эълом карда мешавад.

XS
SM
MD
LG