Тибқи иттилои созмон, дар ҷараёни ҳодисаҳои Нуқус на камтар аз 70 кас ҷон бохтааст. Ҳукумати Узбекистон шумори онҳоро 21 нафар гуфта буд.
Рӯйхати созмон дар сомонаи "Freedom for Eurasia" нашр шудааст. Онро ҳомии ҳуқуқи маъруф Виталий Понамарев бо кумаки фаъолони минтақавӣ Галим Агелеуов (Қазоқистон) ва Дмитрий Кабак омода кардааст. Онҳо барои таҳияи ин рӯйхат ба Бухоро ва Қарақалпоқистон ду бор сафар кардаанд. Ҳукумати Узбекистон бори севум ба онҳо иҷозат надод, ки вориди кишвар шаванд.
Фаъолони қарақалпоқистонӣ низ дар таҳияи феҳрист саҳм доранд, вале ба далели амниятӣ номи онҳо зикр намешавад.
"Рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 ягон сарбози қарақалпоқистонӣ, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар шуда буданд, кушта нашудааст", - омадааст дар гузориши созмон.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.
Аммо муаллифони гузориш мегӯянд, шумори кушташудаҳо дар ҷараёни ин ҳодисаҳо на камтар аз 70 нафар аст.