Ссылки доступа

Рӯзноманигори туркманистонӣ Нургелдӣ Холиқов аз зиндон озод шуд


Нургелдӣ Холиқов
Нургелдӣ Холиқов

Рӯзноманигори туркманистонӣ Нургелдӣ Холиқов, ки соли 2020 чор сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, баъди адои муҳлати ҷазо 8 июн аз маҳбас озод шудааст.

Дар ин бора "Turkmen.news" хабар додааст.

Моҳи феврали соли 2021 чанд масъули ниҳодҳои марбут ба СММ бо ирсоли як номаи даҳсаҳифаӣ аз мақомоти Туркманистон хостанд, ки дар бораи ҳукми Холиқов маълумот диҳанд.

Дар номаи масъулони СММ омадааст, ки Холиқов рӯзи 12 июли соли 2020 ба рӯзноманигорони мустақил акси ҳайати СҶТ-ро ирсол кардааст. Рӯзи баъд рӯзноманигорро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Рӯзи 26 июл Холиқов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ӯро дар барнагардонидани қарз дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд, ки гӯё ибтидои соли 2020 гирифтааст. Холиқов моҳи сентябри соли 2020 бо айби "қаллобӣ" 4 сол зиндонӣ шуд.

Дар бораи ҳукми Холиқов ба хешовандонаш танҳо дар моҳи декабри соли 2020 хабар доданд. Мақомот ҳамзамон ваъда дода буданд, ки вай дар доираи қонуни авфу озод хоҳад шуд. Вале ин ваъда иҷро нашуд.

Сенаторҳо Дик Дурбин, Патрик Лихи, Шеррод Браун ва узви порлумон Том Малиновский бо ирсоли нома ба президенти вақти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз вай хоста буданд, ки рӯзноманигор Нургелдӣ Холиқов, пизишк Хурсан Исматуллоев ва фаъоли ҷамъиятӣ Гулгелдӣ Аннаниёзовро аз зиндон озод кунад.

XS
SM
MD
LG