Ссылки доступа

NYT: Русия дар Украина борҳо аз силоҳи мамнуъ истифода кардааст


Украинский военный сапёр подбирает неразорвавшиеся части кассетной бомбы
Украинский военный сапёр подбирает неразорвавшиеся части кассетной бомбы

Неруҳои Русия пайваста шаҳру ноҳияҳои Украинаро бо истифода аз лавозимоти ҷангие, ки Конвенсияи байналмилалӣ манъ кардааст, тирборон мекунанд.

Дар ин бора рӯзномаи "New York Times" дар таҳқиқоти нави худ хабар додаас. Рӯзноманигорони нашрия беш аз ҳазор акси гирифташуда дар Украинаро омӯхта, навъи беш аз ду ҳазор лавозимоти ҷангиеро муайян кардаанд, ки истифодаи бештари онҳо дар минтақаҳои аҳолинишин манъ аст. Зиёда аз 330 тир дар наздикӣ ё ҳангоми зарба ба биноҳои истиқоматӣ таркидааст.

Таҳқиқот муайян карда, ки дар 210 ҳолат сухан дар бораи аслиҳаест, ки истифодаашон тибқи конвенсияҳои байналмилалӣ манъ мебошад. Аз ҷумла, бомбаҳои хушаӣ. Онҳо бо унсурҳои зарбазананда муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки ҳангоми таркиш дар ҳаво ба масоҳати садҳо метри мураббаъ таъсир мерасонанд.

Муаллифони таҳқиқот менависанд, ки мизони истифода аз силоҳҳои мамнӯъ дар ҷараёни даргириҳо дар Украина ба маротиб бештар аст, аммо бо сабаби идома доштани ҷанг ҷамъоварии далелҳо мушкил мебошад.

Қаблан CNN низ дар як таҳқиқот таъйид карда буд, ки генерали артиши Русия Александр Журавлев фармон додааст, то охири моҳи феврал аз бомбаҳои хушаии "Смерч" дар Харков истифода шавад.

XS
SM
MD
LG