Ссылки доступа

Намози идро дар масҷидҳои Узбекистон ба маъракаи таблиғи раъйпурсӣ табдил доданд


Рӯзи 21 апрел дар Узбекистон намоизи Иди Фитр баргузор шуд. Раёсати мусалмонҳои Узбекистон иттилоъ дод, ки дар бештар аз 2 ҳазор масҷиди он кишвар намози ид барпо шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои он кишвар, дар намоизи Иди Фитр дар масҷидҳои Узбекистон наздики 4 млн кас иштирок кардааст.

Дар мавъизаи намоизи ид имомони масҷидҳо аз намозгузорон даъват кардаанд, ки дар раъйпурсии тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон фаъолона иштирок кунанд.

Як манбаъ дар Кумитаи кор бо дини Узбекистон гуфт, Раёсати мусалмонон ба имомон маърӯзаи Иди Фитрро ирсол кардааст. Дар маърӯза муҳим будани ислоҳоти конститутсионӣ дарҷ шуда буд.

XS
SM
MD
LG