Ссылки доступа

Узбекистон ва "Росатом" арзиши бунёди неругоҳи ҳастаиро баррасӣ мекунанд


Муовини вазири энергетикаи Узбекистон Шерзод Хоҷаев гуфтааст, Тошканд бо ширкати русии "Росатом" дар мавриди поин бурдани арзиши бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар кишвар гуфтугӯ мекунад.

"Макон ва технологияи неругоҳ интихоб шудааст. Вале мо то ҳол дар бораи арзиши бунёди он қарордод имзо накардаем. Ба назари мо, арзиши бунёди неругоҳ хеле гарон аст ва онро бояд камтар кард", - афзудааст ӯ.

Масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди неругоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Узбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори неругоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Узбекистон, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, неругоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Ӯзбекистон қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG