Ссылки доступа

Манбаъ: Сафорати Афғонистон дар Тошкандро ба Толибон доданд

Манобеъ дар Кобул мегӯянд, сафорати Афғонистон дар Узбекистон ба намояндагони гуруҳи Толибон супурда шудааст.

Мақомоти Узбекистон то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.

Хабаргузории афғонии "AIP" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки Толибон намояндагони худро ба Тошканд фиристодааст ва дар онҷо маросими расмие низ баргузор кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон нимсол пеш Мағфурулло Шаҳобро ҳамчун намояндаи сафорати ин кишвар ба Тошканд фиристода буд ва Шаҳоб он замон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи сиёсӣ кор мекард.

Дертар хабар дода шуд, ки ӯ иҷрокунандаи вазифаҳои сафири Афғонистон дар Узбекистон таъйин гашт.

Мағфурулло Шаҳоб баъди анҷоми муҳлати ваколати дипломатии сафири Афғонистон дар Тошканд Аҳмад Холид иҷрокунандаи вазифаҳои сафир таъйин шуд. Вай писари вазири кунунии маъдан ва нафти Афғонистон Шаҳобуддин Диловар аст.

XS
SM
MD
LG