Дар ин бора Оҷонси иттилоот ва иртибототи умуми Узбекистон хабар дода, афзуда, ки мақомоти ин кишвар дар ҳоли ҳозир бо намояндагони шабакаи “TikTok” гуфтугӯ доранд.
Манбаъ гуфтааст, ҷузъиёти бештарро дар ин замина баъди ба поён расидани гуфтугӯҳо расонаӣ мекунад. “Масдудкунӣ танҳо ба пешрафт осеб мерасонад”, - омадааст дар изҳороти оҷонс.
Шабакаҳои иҷтимоии Telegram, Facebook, YouTube ва “Одноклассники” дар Узбекистон 3 ноябри соли 2021 дастнорас гаштанд. Пеш аз ин, дар моҳи июли он сол истифодаи шабакаҳои Skype, Twitter, TikTok, “ВКонтакте” ва WeChat манъ шуда буд.
Расонаҳо 2 июли соли гузашта хабар дода буданд, ки дастрасӣ ба баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон бар асоси қонун “Дар бораи маълумоти шахсӣ” маҳдуд шудааст.