Ҳамсуҳбатони хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, тақрибан ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд хун супоранд, шаҳрвандони бекор ҳастанд.
"Бештар аз хонаводаҳои камбизоат ба шаҳри Туркманобод омада, хун месупоранд. Дар иваз ба онҳо пул, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал дода мешавад. Давоми моҳҳои ахир теъдоди хунсупорон якбора зиёд шудааст", - изҳор дошт корманди яке аз бемористонҳои Лебап.
Ба гуфтаи ӯ, дар бештари маврид аз як хонавода ду ё се кас барои хун супоридан меоянд.
Буҳрони иқтисодӣ дар Туркманистон, ки бекории дастаҷамъӣ, болоравии нарх ва поин рафтани сатҳи зиндагии мардумро ба ҳамроҳ дорад, аллакай 7 сол мешавад, ки идома дорад. Мушкилиҳои иқтисодӣ шумори зиёди туркманистониҳоро маҷбур кардааст, ки барои кор ба хориҷ бираванд.
Қонунгузории Туркманистон ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва додани кумакпулӣ ба бекоронро кафолат додааст, вале ба гуфтаи сокинон, давлати Туркманистон чандин сол мешавад, ки чунин кумакпулӣ намедиҳад.