Ба гуфтаи муҳоҷирон, баъзе аз онҳо маҷбур мешаванд, ки барои дарёфти патенти худ рӯзҳо ва ҳафтаҳо мунтазир бимонанд.
"Одамоне ҳастанд, ки 3-4 рӯз навбат мепоянд. Ҳастанд нафароне ҳам, ки 10 рӯз мешавад, наметавонанд патентро гиранд. Навбат тақрибан пеш намеравад. Рӯзона танҳо аз 50 то 100 кас метавонад, ки санадҳои худро супорад", - изҳор дошт як муҳоҷир аз Узбекистон, ки нахост номаш бурда шавад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кори маркази дарёфти патент дар Ростови Русия баъди ҳодисаи "Крокус" хеле суст шудааст. Ин гуфтаҳоро як ҳамсуҳбати дигари узбекистонии мо низ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, танҳо баъд аз 3 рӯзи навбатпоӣ тавонист, ки санадҳояшро супорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин назаранд, ки мақомоти Русия ин навбатпоиҳоро қасдан эҷод мекунанд, то фишор болои муҳоҷирон боз ҳам бештар шавад.