Ссылки доступа

Додгоҳе дар Узбекистон шикояти блогери зиндониро баррасӣ мекунад


Додгоҳи вилоятии Фарғонаи Узбекистон рӯзи 4 март шикояти блогери зиндонӣ Олимҷон Ҳайдаровро ба баррасӣ гирифт. Ҳайдаров бо айби туҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯӣ 8 сол зиндонӣ шудааст.

Ҳайдаров шикоят кардааст, ки ҳангоми боздошташ қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст. Вакилони мудофеи вай аз додгоҳ хостаанд, муфаттишон ва дигар кормандони пулис, ки ӯро боздошт кардаанд, дубора бозпурсӣ шаванд.

Пештар додгоҳи таҷдиди назари вилояти Фарғона ҳукми 8 соли зиндони блогер Олимҷон Ҳайдаровро бе тағйир гузошта буд.

Додгоҳи ноҳияи Фарғонаи Узбекистон рӯзи 1 декбари соли 2023 блогерро 8 сол зиндонӣ кард. Ӯро дар "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, туҳмат ва таҳқири намояндаи давлат" гунаҳкор донистанд. Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки саҳифаҳои марбут ба блогер дар Интернет пок карда шаванд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Олимҷон Ҳайдаров 9 солу шаш моҳи зиндон талаб карда буд.

Қаблан Ҳайдаров дар як паёми видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, худро “маҳбуси сиёсӣ” номид. Блогер гуфт, дар давоми фаъолияти худ нақшаҳои бузурги фасодкорирро ошкор кардааст ва бинобар ин, боздошти ӯ мустақиман ба фаъолияти касбияш рабт дорад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона дар шарҳи боздошти блогер гуфта буд, ки Ҳайдаров ба тамаъҷӯӣ аз раҳбарони маҷмааи савдои "Қӯқанд Истиқлол" муттаҳам мешавад. Гӯиё ӯ бар ивази паҳн накардани матлаби танқидӣ 10 000 доллари ИМА талаб кардааст. Гуфта мешавад, вай аз ин маблағ 7500 долларашро гирифта ва ҳангоми гирифтани 2500 доллари боқӣ боздошт шудааст.

Бародари блогер иддаои пулисро рад кард. Ӯ гуфт, он рӯз кормандони пулис бародарашро боздошт карда, пулро ба мошинаш партофтанд ва сипас маҷбур карданд, ки "пулҳоро биқапад".

XS
SM
MD
LG