Ссылки доступа

Ҳалокати рекордии муҳоҷирон дар соли 2023


Муҳоҷирон дар Баҳри Миёназамин
Муҳоҷирон дар Баҳри Миёназамин

Созмони байналмилалии муҳоҷирати СММ рӯзи чоршанбе гуфт, соли гузашта 8565 муҳоҷир ҷон бохтааст ва ин нишондод дар давоми 10 соли ахир бесобиқа мебошад.

Ба иттилои созмон, шумори онҳое, ки соли гузашта дар масири муҳоҷират ҷон бохтаанд, назар ба соли 2022 бист дарсад бештар аст.

"Ин омор бозгӯи он аст, ки барои пешгирӣ аз ҳалокати одамон бояд чораҳои фаврӣ андешида шавад", - гуфтаанд масъулони созмон.

Хатарноктарин масир барои муҳоҷирон сафар тавассути Баҳри Миёназамин гуфта шудааст. Соли гузашта дар ин масир 3129 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG