Ссылки доступа

СММ: аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 501 кӯдак кушта шудааст


СММ марги ҳадди ақал 501 кӯдакро аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба Украина тасдиқ мекунад. Дар ин бора мудири Бунёди кӯдаки СММ (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел хабар дод.

"Ин танҳо ҳолатҳоест, ки СММ тасдиқ кардааст. Рақамҳои воқеӣ, эҳтимолан, бештар ҳастанд ва зиён барои хонаводаҳои зарардида тасаввурношуданӣ", - навишт вай дар Твиттер.

Ба ҷуз ин, қариб 1 ҳазор кӯдаки украин маҷруҳ шуда, "ҷароҳатҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, ки онҳо дар ҷараёни ҷанг мебардоранд, тамоми умр ҳамроҳашон боқӣ хоҳанд монд", афзудааст роҳбари ЮНИСЕФ.

"Ҳар кӯдак, сарфи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунад, бояд дар шароити осоишта ба воя расад. Ҳеч кӯдаке набояд даврони кӯдакиеро аз сар гузаронад, ки бо хушунату тарс омехта аст", - илова кардааст Рассел.

Ин дар ҳолест, ки Додситонии кулли Украина мегӯяд, то 3 апрели соли ҷорӣ дар пайи хушунати Русия 467 кӯдак кушта шуда, 944 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Додситонӣ хабар додааст, ки ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG