Ссылки доступа

СММ ҳалокати 17 рӯзноманигор дар Украинаро тасдиқ кард


Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфтааст, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина 17 хабарнигор кушта ва 14 тани дигар захмӣ шудааст.

Дар Шӯро гузориши маъмурияти СММ дар бораи ҳуқуқи башар дар Украина баррасӣ гашт.

Ба иттилои СММ, чаҳор хабарнигори захмӣ гуфтаанд, ки ба далели фаъолияти касбиашон таъқиб шуданд. Ҳадди ақал ҳафт нафар дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд. Ба эҳтимоли зиёд, панҷ нафари онҳо аз тири сарбозони рус ба ҳалокат расидааст. Панҷ рӯзноманигори дигар дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ кушта шуда, дар ҳамаи ҳолатҳо шахсияти ҳамлагарон муайян нагаштааст.

Як рӯзноманигорро низомиёни Русия рабуда ва баъди шиканҷа раҳо кардаанд, вале дертар фавтидааст.

СММ мегӯяд, дар миёни рӯзноманигорони кушташуда ва захмӣ дасти кам панҷ зан, аз ҷумла корманди бахши украинии Радиои Озодӣ Вера Гирич ва хабарнигори рус Оксана Баулина низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG