Ссылки доступа

СММ куштори сокинони осоиштаро дар 30 шаҳри Украина тасдиқ кард


Маъмурияти назоратии Раёсати СММ дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 29 июн гузоришеро дар бораи помолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ҷанг дар Украина нашр кард. Ин гузориш аз 24 феврал то 15 майро дар бар мегирад.

Дар ин давра коршиносони СММ марги 3924 ва маҷруҳшавии 4444 сокини осоиштаро сабт кардаанд. Аммо мумкин аст, рақамҳои воқеӣ бештар аз оне бошанд, ки дар гузориш сабт шудааст.

Маъмурияти назоратии СММ дар ин давра дар бораи куштори бештар аз 300 сокини осоишта дар зиёда аз 30 шаҳри Украина иттилоъ ёфтааст. Маъмурият мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин кушторҳо аз сӯи низомиҳои Русия сурат гирифтааст.

СММ ҳамчунин дар бораи 108 ҳолати таҷовуз ба номус иттилоъ ёфтааст. Дар 23 ҳолат таҷовузи дастаҷамъӣ сурат гирифтааст.

Қисми бештари ин ҷиноятҳо (87 ҳолат) аз сӯи низомиҳои Русия анҷом шуда, як ҷисми дигарро низомиҳои украин содир кардаанд, омадааст дар гузориши СММ.

XS
SM
MD
LG