Ссылки доступа

"OpenAI" низоми садоии "ChatGPT"-ро роҳандозӣ кард


Ширкати "OpenAI" низоми садоии "ChatGPT"-ро, ки моҳи майи имсол дар бораи он хабар дода буд, роҳандозӣ кардааст.

Ёвари садоӣ дар рӯнамоии худ суруд хонд ва бо лаҳҷаҳои гуногун суҳбат кард. Ҳамчунин "ChatGPT" метавонад бо забонҳои дигар суҳбат карда, суръати суханрониро ҳам тағйир диҳад.

Дар ҳоли ҳозир ба низоми садоии "ChatGPT" шумори маҳдуди корбарон дастрасӣ доранд.

Донишмандон аз замони муаррифии нахустин модели "ChatGPT" дар бораи хатарҳои зеҳни сунъӣ борҳо ҳушдор додаанд. Ҷеффри Ҳинтон, ки асоси технологияи муосири "AI"-ро пажуҳиш кардааст, баҳори имсол ба хотири бозтоби хатарҳои марбут ба ҳуши зеҳнӣ "Google"-ро тарк кард.

Чанд ширкат, ба шумули Маркази амнияти ҳуши маснуӣ дар Амрико (Center for AI Safety), "OpenAI" ва "Google DeepMind" ҳушдор додаанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад боиси аз байн рафтани инсоният шавад.

XS
SM
MD
LG