Ссылки доступа

Фаъолияти “Табибони бидуни марз”дар Русия қатъ шуд


Созмони байналмилалии ғайридавлатии “Табибони бидуни марз” эълом кард, ки фаъолияти худро дар Русия қатъ кардааст. Дар изҳороти созмон гуфта шуда, ки “ин як тасмими маҷбурӣ буд”.

Вазорати адлияи Русия моҳи августи имсол “Табибони бидуни марз”-ро огаҳ кард, ки номи он аз феҳристи созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ дар он кишвар берун карда шудааст ва фаъолияти намондагияш бояд қатъ карда шавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, фаъолияти бахши созмон ба талаботи ойиннома ҷавобгӯ набуд.

“Табибони бидуни марз” дар Русия 32 сол аст, ки фаъолият мекард. Он дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Русия барномаҳоеро дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Архангелск, Иванов ва Кемеров амалӣ менамуд.

Созмон баъди оғози ҷанги Украина ба гурезаҳои украинӣ ва русиягие, ки дар пайи задухӯрдҳо маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуда буданд, кумаки башардӯстона, аз ҷумла тиббӣ мерасонд.

XS
SM
MD
LG