Ссылки доступа

Силоҳ ва техникаҳои "Вагнер"-ро ба артиши Русия додаанд


Танк ЧВК "Вагнер" в Ростове-на-Дону, 24 июня 2023 года
Танк ЧВК "Вагнер" в Ростове-на-Дону, 24 июня 2023 года

Аслиҳа ва техникаҳои низомии марбут ба ширкати хусусии низомии "Вагнер"-ро ба артиши Русия додаанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе вазорати мудофиаи Русия хабар дод. Ба иттилои вазорат, бештар аз 2 ҳазор техникаи низомӣ, инчунин аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти дигари ҷангӣ дарёфт шудааст.

Миёни техникаи ба вазорат дода шуда - садҳо адад техникаи вазнин: тонкҳои Т-90, Т-80, Т-72, тӯпхонаҳои "Град", "Ураган", маҷмааи мушакии "Пантсир" ва дигар техника мавҷуд аст.

Дар вазорати мудофиаи Русия гуфтанд, баъзе аз ин техникаҳо боре ҳам дар ҷанг истифода нашудаанд.

Ширкати "Вагнер" аз сӯи Евгений Пригожин, тоҷири наздик ба президенти Русия Владимир Путин соли 2014 таъсис шуда буд. Зархаридони "Вагнер" дар ҷангҳои Донбасс иштирок ва аз ҳаракати ҷудоиталаб ҳимоят мекарданд. Ин зархаридон ҳамчунин дар низоҳои Африқо ва Шарқи наздик иштирок доштанд. Онҳоро дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла қатлҳои ғайридодгоҳӣ айбдор мекунанд.

Баъд аз 24 феврали соли 2022 "Вагнер" дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина иштирок мекард. Евгений Пригожин сафҳои "Вагнер"-ро бо зиндониҳои Русия пур мекард.

10 июни соли ҷорӣ Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия фармон дод, ки ҳамаи гуруҳҳои зархарид бояд бо вазорати мудофиа шартнома имзо кунанд. Пригожин гуфт, "Вагнер" ин корро нахоҳад кард.

Шоми 23 июн корвони техникаҳои "Вагнер" ба сӯи Москва ҳаракат ва амалан Ростови лаби Дон ва зоҳиран Воронежро ҳам таҳти назорат дароварданд. Бо гузашти як рӯз Пригожин хабар дод, ки ҳаракатро қатъ мекунад, зеро бо миёнаравии роҳбари худкомаи Белорус созиш ҳосил шудааст. Ба зархаридони "Вагнер" пешниҳод карданд, ки ё бо вазорати мудофиа шартнома имзо кунанд, ё ба Белорус ва ё ба хонаҳояшон раванд.

Баъди ин ҳодиса бисёре аз ширкатҳои марбут ба Пригожин фаъолияташонро қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG