Ссылки доступа

Ҷоизаи "Оскар"-ро барои беҳтарин филми бадеӣ "Ҳама чиз ҳама ҷо ва баякборагӣ" соҳиб шуд


Дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА маросими 95-уми эътои ҷоизаҳои академияи синамои амрикоӣ "Оскар" баргузор шуд. Ҷоизаи беҳтарин филми бадеиро филми "Ҳама чиз ҳама ҷо ва баякборагӣ"-и коргардонҳо Дэн Кван ва Дэниэл Шайнерт соҳиб шуд. Ин филм якбора ҳафт "Оскар" гирифт.

Дэен Кван ва Дэниэл Шайнерт барои коргардонии беҳтарин ва сенарияи нотакрор ҷоиза гирифтанд. Пол Роҷерс барои беҳтарин банду баст.

Ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро бозигар Мишел Ео соҳиб шуд. Ҷоиза барои беҳтарин нақши дувумдараҷаи занонаро Ҷейми Ли Кертис ва беҳтарин нақши дувумдараҷаи мардонаро Ке Хюи Куана гирифт.

Филмҳои дигар ва бозигарони дигар низ дар маросими 95-уми "Оскар" соҳиби ҷоиза шуданд.

Аз ҷумла филми ҳуҷҷатии "Навалний", ки аз сӯи коргардони канадагӣ Дэниэл Роэр таҳия шудааст, ҷоизаи беҳтарин филми ҳуҷҷатиро гирифт. Ҷоизаро ҳамроҳ бо коргардон ҳамсар, духтар ва писари Алексей Навалний соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG