Дар ин бора саҳифаи "Викиликс" дар Твиттер хабар додааст.
Ассанж баъди 1901 рӯз аз зиндони Белмарш озод шуда, тавассути фурудгоҳи Станстед аз Бритониё ба ҷазираи Сайпан парвоз кард. Ӯ қарор аст, дар мурофиаи рӯзи 26 июн дар онҷо дар доираи созише, ки ҳосил шудааст, худро бар асоси як банд (тавтеа ба хотири ба даст овардан ва фош кардани маълумот дар бораи дифои миллӣ) гунаҳкор эътироф кунад ва озод шавад.
Интизор меравад, додгоҳ Ҷулиан Ассанжро 62 моҳ (5 солу 2 моҳ) аз озодӣ маҳрум кунад. Бо назардошти он ки Ассанж дар зиндони Бритониё 5 сол қарор дошт, ӯ аз толори додгоҳ озод шуда, ба зодгоҳаш, Австралия хоҳад рафт.
Ҷулиан Ассанж дар соли 2006 “Викиликс”-ро таъсис дод. Вебсайтеро, ки онҷо хоҳишмандони ифшо кардани асрор метавонистанд, "номаҳои махфӣ"-ро бигзоранду касе надонад, ки онро кӣ фиристод.
Торнамои “Викиликс” дар соли 2010 баъд аз нашри як видеои махфӣ сари забонҳо шуд, ки нишон медиҳад, дар ҳамлаи чархболи сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар соли 2007 дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, даҳҳо нафар, аз ҷумла ду корманди хабаргузории “Рейтерс” кушта мешаванд.
“Викиликс” ҳамчунин 90 ҳазор санади махфии артиши Амрико аз ҷанги Афғонистон ва 400 ҳазор санади маҳрамонаи Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанги Ироқро ҳам нашр ва дастраси бисёриҳо кард. Берун омадани ин санадҳо бузургтарин рахна дар бойгонии таърихии Артиши Амрико ба ҳисоб меравад.