Ба иттилои додситонии Порис, вай таҳти назорати додгоҳ қарор дорад.
Бо ҳукми Додгоҳ, Дуров ҳаққи тарки Фаронсаро надорад ва ҳафтае ду бор бояд ба идораи пулис ҳозир шавад.
Павел Дуров ба тақаллуб, ҷиноятҳои сайберӣ (кибернетикӣ), озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона, пулшӯӣ, ворид кардани як дастгоҳи рамзнигорӣ ва тарғиби терроризму саркашӣ аз пешниҳоди маълумоту санадҳо ба ниҳодҳои ваколатдор муттаҳам мешавад.
Дар сурати исботи ин иттиҳом ба бунёдгузори "Телеграм" даҳҳо сол зиндон таҳдид мекунад.
Павел Дуров шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бургеи Фаронса ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шуд. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса рафта буд.
Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.
Ба навиштаи Politico, ҳукумати Фаронса ҳанӯз моҳи март фармони боздошти Павел Дуров ва бародараш Николайро содир карда буданд. Додситонӣ гуфтааст, тафтиш алайҳи "Телеграм" ва бунёдгузораш моҳи феврал оғоз шуда буд.