Ссылки доступа

Покистон ба хоки Эрон зарбаи ҷавобӣ зад


Министерство иностранных дел Пакистана
Министерство иностранных дел Пакистана

Покистон ба ҳафт мавзеъ дар ҳудуди Эрон зарба зад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба мақомоти амниятии Покистон хабар доданд.

Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Покистон омадааст, ки Исломобод "ба паноҳгоҳҳои террористон дар вилояти Систону Балуҷистони Эрон зарбаҳои дақиқ ва ҳадафманд зад". Дар пайи ин зарбаҳо чанд кас кушта шудааст.

Бо ин вуҷуд Покистон аз Эрон кишвари бародар ном бурдааст ва гуфтааст, истиқлол ва тамомияти арзиашро эҳтиром мекунад.

Алиризо Марҳаматӣ, як мақомдори вилояти Систону Балуҷистони Эрон дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфтааст, дарнатиҷаи ҳамлаҳои Покистон дар шаҳри Сировони Систону Балуҷистон ҳадди ақал 7 кас кушта шудааст. Ба гуфтаи вай, миёни кушташудаҳо се зан ва чаҳор кӯдак ҳастанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони хориҷӣ буданд.

Хабаргузории Меҳри Эрон навишт, дар ин ҳамлаҳо аз мушак ва бесарнишин истифода шудааст.

Пештар аз ин Эрон ба мавзеҳое дар Покистон, Ироқ ва Сурия зарба зада буд. Эрон гуфт, дар ҳудуди Покистон ба гуруҳи "Ҷейш ал-Адл" зарба задааст, ки ин гуруҳ аз манфиатҳои ҷудоиталабони балуҷ ҳимоят мекунад.

Мақомоти Эрон гуруҳи "Ҷейш ал-Адл"-ро гуруҳи террористӣ медонанд. Ин гуруҳ соли 2012 ташкил шуда ва дар ҳудуди Покистон амал мекунад.

Мақомоти Покистон гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон се кас кушта шудааст.

Покистон гуфта буд, ҳақ дорад, ки "ба ин амали ғайриқонунӣ"-и Эрон посух диҳад. Бағдоду Исломобод сафиронашонро аз Теҳрон боз хонданд.

XS
SM
MD
LG