Ӯро дар фурудгоҳ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешвоз гирифт.
Попи Рум қарор аст, дар ҷараёни ин сафар дар Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки қарор аст, аз 13 то 15 сентябри имсол дар шаҳри Нурсултон баргузор шавад, иштирок мекунад.
Интизор мерафт, ӯ дар ҷараёни ин сафар бо патриархи калисои православии Русия Кирилл мулоқот кунад. Аммо Кирилл дар охирин лаҳзаҳо сафараш ба шаҳри Нурсултонро бекор кардааст.