Ссылки доступа

Иштироки Ватикан дар маъмурияти махфӣ дар робита ба Украина


Попи Рум Франсис аз иштироки Ватикан дар ҳайати маъмурияти посдори сулҳ хабар дод, ки ҳадаф аз он мусоидат ба ҳалли низоъ дар Украина аст.

"Корҳо дар доираи ин ҳайат аллакай шуруъ шудаанд, аммо ҷузъиёти он ҳоло ба ҷомеа гуфта намешавад", - изҳор дошт ӯ. Попи Рум афзуд, ки дар фурсати муносиб худи ӯ дар ин бора хабар хоҳад дод.

Ҳамчунин вай омодагии худро барои кумак дар баргардонидани кудакони украиние, ки ба Русия ва ё ба қаламравҳои ишғолшуда бурда шудаанд, баён дошт.

Попи Рум дар бораи маъмурияти посдори сулҳ дар Украина баъди бозгашт аз Венгрия ба рӯзноманигорон хабар дод.

"Ман фикр мекунам, сулҳ ҳамеша тавассути роҳҳои бози тамос ба даст меояд. Агар онҳо баста бошанд, шумо ҳечгоҳ ба сулҳ даст намеёбед", - иқтибос овардааст хабаргузории ​Reuters аз суханони Франсис.

Вай гуфт, дар сафараш ба Венгрия бо сарвазири он кишвар Виктор Орбан дар бораи вазъи Украина суҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG