Дар дастгоҳи порлумони Гурҷистон ба хабарнигори "Радио Свобода" гуфтанд, ки қарор аст ин масъала 28 май баррасӣ шавад.
Президенти Гурҷистон ахиран эълом кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузоштааст. Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карданд.
Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ", ки тарҳи қонунро пешниҳод кардааст, имкон дорад бо ба даст овардани 77 райъ веторо бекор кунад.
Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.