Ссылки доступа

Порлумони Гурҷистон қонуни ҷанҷолии "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул накард


Порлумони Гурҷистон рӯзи ҷумъа дар қироати дувум лоиҳаи қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро, ки боиси эътирозҳои оммавӣ дар кишвар шуд, рад кард.

Ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" 9 март, баъди ду рӯзи эътирозҳо эълом кард, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодии он бозхонд мешавад.

Тибқи иттилои баъхши гурҷситонии Радиои Озодӣ, 10 март дар ҷаласаи порлумон танҳо як нафар ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун раъй додааст. Қаблан аз 150 вакили порлумон 76 кас ба ҷонибдории лоиҳа раъй дода буданд.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи шаффофияти таъсири хориҷӣ" ҳамаи созмонҳоеро, ки 20 дарсад ё зиёда аз он аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, вазифадор мекунад, то худро расман ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабтином кунанд.

Дар посух ба қабули ин қонун чанд ҳазор сокини шаҳри Тифлис, ки зидди қабули қонуни мазкур буданд, дар назди бинои порлумон ҷамъ шуданд. Бархе аз эътирозгарон талоши ворид шудан ба порлумонро карданд. Чунин эътироз дар шаҳри Батумии Гурҷистон низ баргузор шуд.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ аз эътирозгарон ҳимоят ва ваъдаи таҳрими тарҳи қонуни мазкурро карда буд.

XS
SM
MD
LG