Ссылки доступа

Порлумони Гурҷистон "вето"-и президент ба қонуни "агенти хориҷӣ"-ро бекор кард


Порлумони Гурҷистон рӯзи сешанбе дар пайи як раъйгирӣ "вето"-и президенти ин кишвар Саломе Зурабишвилиро ба қонуни “агенти хориҷӣ” бекор кард.

Акнун лоиҳаи қонунро президенти Гурҷистон бояд имзо кунад. Агар ӯ дар давоми 5 рӯз онро имзо накунад, раиси порлумони Гурҷистон Шалва Папуашвилӣ лоиҳаи қонунро имзо ва нашр хоҳад кард.

Саломе Зурабишвилӣ ахиран эълом кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузоштааст. Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карда буданд.

Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.

XS
SM
MD
LG