Туркия аз 30 кишвари узви НАТО охирин кишвар буд, ки узвияти Финландияро тасдиқ кард. Ҳафтаи ҷорӣ, пеш аз Туркия, порлумони Маҷористон шомилшавии Финландияро тасдиқ карда буд.
Мақомоти Финландия ҳамаи талаботи расмии шомил шудан ба НАТО-ро қонеъ карданд. Ин кишварро мумкин аст, моҳи июл ба узвият пазиранд.
Дар ҳамин ҳол сарнавишти Шветсия норушан аст. Шветсия ҳамроҳ бо Финландия дархости узвият дода буд. Маҷористон ва Туркия дархостро то ҳанӯз қонеъ накарда ва шартҳое барои Шветсия гузоштаанд. Туркия дархости истирдоди бештар аз 100 фаъоли курдтаборро дорад, ки дар Шветсия паноҳандагӣ дарёфт кардаанд. Анкара онҳоро дар терроризм айбдор медонад. Мақомоти Маҷористон Шветсияро дар дахолат ба умури дохилии Маҷористон айбдор мекунанд.
Дар НАТО гуфтанд, дар сурати ғайр мумкин аст, Финландияро бидуни Шветсия ба узвият пазиранд.