Ссылки доступа

Порлумони Куриёи Ҷануби аз манъи истеъмоли гӯшти саг ҷонибдорӣ кард


Юн Сок Ёл
Юн Сок Ёл

Порлумони Куриёи Ҷанубӣ қонунеро қабул кард, ки парвариши сагҳоро бо мақсади истифодаи гӯшти онҳо дар ғизо манъ мекунад.

Хабаргузории "Reuters" иттилоъ дода, ки ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 208 вакил овоз дода, ду тани дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ кардаанд.

Акнун ин лоиҳаи қонунро бояд ташаббускори он - президенти Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл имзо кунад.

Барои нақзи ин қонун се соли зиндон ё ҷарима ба маблағи наздик ба 23 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Аммо дар қонун барои истеъмоли бевоситаи гӯшти саг ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст.

Ба моликон ва соҳибони тарабхонаву фермаҳои сагпарварӣ се моҳ муҳлат дода мешавад, ки самти тиҷорати худро иваз кунанд.

Тибқи иттилои мақомоти Куриёи Ҷанубӣ, дар ин кишвар ҳудуди 1100 фермае фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 1,5 миллион саг парвариш карда мешавад.

XS
SM
MD
LG