Ссылки доступа

Сарвазири Арманистон ба эъломияи СПАД имзо нагузошт


Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар саммити Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Ереван аз имзои тарҳи эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ва санад дар бораи чораҳои муштараки кӯмак ба Арманистон худдорӣ варзид.

Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Арманистон хабар дод.

Дар ин саммит Пашинян аз СПАД даъват кард, ба рафторҳои Озарбойҷон зидди Арманистон баҳо диҳад, ки ба гуфтаи Пашинян, хушунатомез ҳастанд. Пашинян гуфт, ҳампаймонон бояд аз Озарбойҷон талаб кунанд, ки артишашро аз қаламрави Арманистон берун барад, дар ғайри сурат "ин маънои онро хоҳад дошт, ки СПАД масъулиятҳояшро сарфи назар мекунад".

Мақомоти Арманистон мегӯянд, дар натиҷаи низои мусаллаҳонаи моҳи сентябр дар марзи Арманистон бо Озарбойҷон артиши Озарбойҷон қисме аз ҳудуди Арманистонро ишғол кардааст. Дар Боку инро рад мекунанд.

Владимир Путин, президенти Русия, ки дар саммити Ереван иштирок дошт, гуфт, умед дорад, миёни Арманистону Озарбойҷон созишномаи сулҳ имзо мешавад.

Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус узви СПАД ҳастанд.

XS
SM
MD
LG