Ин нуктаро Пашинян дар вокуниш ба изҳороти ахири Захарова баён доштааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ суханҳои сарвазири Арманистонро, ки гуфт, агар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бесамар будани худро нишон диҳад, Ереван аз он хориҷ хоҳад шуд, шаҳр дод.
"Агар ин шакли гуфтор барои ҳимояти мавқеи бурунрафти Арманистон аз СПАД бошад, пас ба назари ман, ҳамаи хатарҳои суханпардозиҳо бояд дарк карда шаванд", - изҳор дошт ӯ.
Тибқи иттилои хабаргузории “Арманпресс”, Пашинян ба суолҳои вакилон дар порлумон, ки яке аз онҳо ба изҳороти намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия дахл дошт, посух дод. Ӯ гуфтааст, намедонад, ки кадоме аз намояндагони Вазорати умури хориҷии Русия чунин изҳорот додааст, аммо афзуда, ки "ҳамсуҳбатони ман дар Русия раисиҷумҳур ва сарвазири он кишвар аст. Ҳатто сухангӯи вазорати хориҷии кишвари дӯст ва муҳтарам ҳамчун Русия наметавонад суханҳои маро шарҳ диҳад".
Пашинян борҳо СПАД-ро танқид кардааст. Аз ҷумла ӯ гуфта буд, ки ин созмон дар низои Арманистон ва Озарбойҷон натавонист мавқеи мушахассро интихоб кунад.