Ссылки доступа

Мусофирони нахустин парвози "Москва-Тифлис"-ро бо тазоҳурот пешвоз мегиранд


Фурудгоҳи Тифлис
Фурудгоҳи Тифлис

Ширкати русии ҳавопаймоии "Азимут" нахустин парвози мустақим дар масири "Москва-Тифлис"-ро баъди танаффуси тӯлонӣ 19 май анҷом хоҳад дод.

Раиси ҳизби "Стратегия - бинокор" ва вакили порлумони Гурҷистон Георгий Вашадзе таҳдид кард, ки русҳоро "пазироии дағалона" мунтазир хоҳад буд ва мухолифони он кишвар эҳтимол ҳамоиши эътирозӣ баргузор кунанд.

Вай қазияи қонун "Дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар Гурҷистонро, ки ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" маҷбур шуд, дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ онро боз хонад, ёдовар шуд.

"Мо бояд онҳо (мақомоти Гурҷистон)-ро маҷбур кунем, ки аз парвозҳои мустақим бо Русия худдорӣ кунанд", - афзуд ӯ.

Ба назари Вашадзе, азсаргирии парвозҳои мустақим миёни Русия ва Гурҷистон тамоми фурудгоҳҳои ин кишварро зери таҳдиди таҳримҳои Ғарб қарор хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG