Дуров, аз ҷумла ба ҷиноятҳои киберӣ, пулшӯӣ ва ворид кардани як дастгоҳи рамзнигорӣ бидуни қайди пешакӣ гумонбар мешавад.
Дар сурати исботи ин иттиҳом ба бунёдгузори Телеграм даҳҳо соли зиндон таҳдид мекунад.
Дуров шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бургеи Фаронса ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шуд. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса рафта буд.
Як манбаъ дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳо ба зидди ноболиғон гуфта буд, ки Павел Дуров, ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад.
Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.