Ссылки доступа

Пелосӣ: Арманистон ба ҳамлаи ғайриқонунии Озарбойҷон муқобила мекунад


Спикер Палаты представителей США Нэнси Пелоси и спикер парламента Армении Ален Симонян в Ереване, 18 сентября 2022
Спикер Палаты представителей США Нэнси Пелоси и спикер парламента Армении Ален Симонян в Ереване, 18 сентября 2022

Раиси Палатаи намояндагон ё порлумони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ дар ҷараёни сафараш ба Ереван рафтори Озарбойҷонро маҳкум ва онро ҳамла ба Арманистон номид.

"Арманистон барои мо аҳамияти зиёд дорад ва аз номи Конгресс мо ҳамлаҳои маргбори Озарбойҷонро қатъиян маҳкум мекунем", - гуфт Пелосӣ.

Вай ҳамчунин илова кард, ки низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад. ИМА ҷонибҳоро ба ҳалли масъала бо роҳи гуфтугӯ даъват мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон изҳороти раиси порлумони ИМА-ро "беасос ва беадолатона" номид. Ҷониби Озарбойҷон ҳамчунин гуфт, ки ҳарфҳои Пелосӣ ба эҳтимоли ҳалли сулҳомези низоъ зарбаи ҷиддӣ расонидааст. Боку мегӯяд, низоъи ахири марзӣ дар пайи "иғови густардаи низомии Арманистон зидди Озарбойҷон" рух додааст.

Дар рӯзҳои сафари Пелосӣ ба Арманистон дар шаҳри Ереван бо талаби хориҷ шудани Арманистон аз ҳайати Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Шаби 12 ба 13 сентябр дар марзи Арманистон бо Озарбойҷон вазъ муташанниҷ шуд. Ҷонибҳо якдигарро дар хушунат ва иғво гунаҳкор карданд. Бештар аз 200 кас кушта шуд: дар Ереван марги 135 низомии худро эътироф карданд, дар Боку аз марги 77 низомии озарбойҷонӣ хабар доданд. Ин ҷиддитарин ташаннуҷ дар ду соли охир аст.

Охири соли 2020 миёни Арманистон ва Озарбойҷон атрофи Қарабоғи Куҳӣ низоъ бархоста буд. Он замон рӯёрӯии Бокуву Озарбойҷон 44 рӯз давом кард ва бо миёнаравии Москва созишномаи қатъи амалиёти низомӣ баста шуд.

XS
SM
MD
LG