Анқара мегӯяд, тибқи созиши намояндагони Москва ва Киев, ки моҳи июл дар шаҳри Истамбул ҳосил шуда буд, ба ҳисоби миёна аз бандарҳои Украина дар як шабонарӯз як киштии боркаш фиристода мешавад.
Киштии "Разонӣ" қарор аст, беш аз 26 ҳазор тона ҷуворимакро ба Лубнон интиқол диҳад.
Рӯзи 22 июл Русия ва Украина таҳти назари Туркияву СММ як созише имзо карданд, ки бар асоси он аз се нуқтаи соҳилии украинии Одесса, Черноморск ва Южний бояд содироти гандум шурӯъ шавад. Баъди ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал роҳҳои содироти гандум аз Украина, ки яке аз содиркунандаҳои калонтарини гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад, баста шуда буд ва ин ҳолат боиси эҷоди бӯҳрони ғизо дар ҷаҳон шуд.